Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Гулистон ҷамъомади тамриниро шуруъ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Гулистон ҷамъомади тамриниро шуруъ кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон ҷамъ омада, омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон оғоз кард.

Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 12 июл идома мекунад, сармураббии тими миллӣ Пайрав Воҳидов 18 бозигар – 3 дарвозабон ва 15 бозигарро даъват кардааст.

Рӯзҳои 14, 15 ва 17 июл дар Ҷиззах бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон: 

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Ҷамшед Файзиев («Истаравшан»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»); 

Бозигарон: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Алимаҳмадов, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков, Умед Кӯзиев, Шавкат Ҳалимов, Иқбол Воситзода (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Баҳодур Хоҷаев, Мирзорауф Умаров (ҳарду аз “Истаравшан”), Худобахш Мирзоев (КМВА).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Назари худро бинависед