Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии якумашро дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии якумашро дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 доир кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки дар Арабистони Саудӣ оғоз шуд, нахустин бозиашро анҷом дод.

Мунтахаби Тоҷикистон аз тими Либия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Аз ҳайати тими миллии мо Файзалӣ Сардоров муаллифи гол шуд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳ дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир мусовӣ – 4:4 карданд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 рӯзи 8-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳии мусобиқот ду дастаӣ аз се гурӯҳ, инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

 

Ҷоми миллатҳои Араб-2023 оид ба футзал

Гурӯҳи «А». Даври 1

Либия – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голи Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров.

 

Арабистони Саудӣ – Алҷазоир – 4:4

Назари худро бинависед