Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар чемпионати CAFA-2023 ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар чемпионати CAFA-2023 ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар мусобиқаи охирини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ, ки аз 15 то 19 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар чемпионати CAFA-2023 миёни духтарони то 14-сола дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Ин рӯзҳо мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии сармураббӣ Фарҳодҷон Холбеков дар шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.

Назари худро бинависед