Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона доир мекунад

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 14 ва 16 июл дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ доир мешаванд.

Ба ҷуз аз бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ, мунтахаби ҷавонони мо дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 3 то 12 август дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд. Бозиҳои интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар ҷойи дуюм қарор гирифта ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Вохӯриҳои рафиқона

14 июл (панҷшанбе)

Арабистони Саудй – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ

 

16 июл (шанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ

Назари худро бинависед