Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми миллатҳои араб-2021 роҳ ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми миллатҳои араб-2021 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон (U-19) зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба бозиҳои марҳилаи чаҳорякфиналии Ҷоми миллатҳои араб-2021, ки айни ҳол дар давлати Миср гузашта истодааст, роҳ ёфт.

Дар бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Ҷибутӣ 5 голи беҷавоб заданд. Ду голи дастаи моро Абдулфаттоҳ Худойдодзода ва як голии дигарро Кабир Салимшоев, Салам Ашурмамадов ва Фахриддин Аҳтамов ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигар гурӯҳи “В” мунтахаби ҷавонони Марокко ба дарвозаи Имороти Муттаҳиддаи Арабӣ чор голи беҷавоб зад.

Ба ин тартиб, аз гурӯҳи “В” мунтахабҳои Марокко ва Тоҷикистон ба бозиҳои марҳилаи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтанд. Акнун, дар бозиҳои 1/4 финалӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29-уми июн бо дастаи мунтахаби ҷавонони Миср рақобат мекунад. Соҳибони майдон дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро ишғол намуданд.

 

Ҷоми миллатҳои араб-2021 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20 сола (U-20)

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

Ҷибутӣ – ТОҶИКИСТОН – 0:5

ГолҳоКабир Салимшоев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 30 (0:2). Салам Ашурмамадов, 84 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 87 (0:4). Фахриддин Аҳтамов, 89 (0:5).

 

Марокко – ИМА – 4:0

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Марокко 3 3 0 0 15-1 9
2 ТОҶИКИСТОН 3 2 0 1 9-8 6
3 ИМА 3 1 0 2 10-8 3
4 Ҷибути 3 0 0 3 0-17 0

Назари худро бинависед