Бо мақсади шиносоӣ бо корҳои омодагии дастаҳои лигаи олӣ ва лигаи якуми кишвар ба мавсими нави футбол гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вилояти Суғд омада, бо раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд ва узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот анҷом дод.
Дар ҷаласа, ки ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ширкат дошт, масъалаҳои омодагии дастаҳои вилояти Суғд ба мавсими нави футбол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгирии футбол дар тамоми манотиқи кишвар изҳори сипос кард.
Раиси вилояти Суғд қайд кард, ки имсол вилоятро ду бошгоҳ – «Хуҷанд» ва «Эсхата» дар лигаи олии Тоҷикистон ва панҷ даста – «Истаравшан», «Равшан» (Зафаробод), «Гулистон», «Исфара» ва «Парвоз» дар лигаи якуми кишвар намояндагӣ мекунанд. Тибқи иттилои Аҳмадзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастаҳои вилоятро барои бомуваффақият баромад кардан дар лигаҳои олӣ ва якуми кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласа масъалаи таъмини рӯшноӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи 6-уми май дар он бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор мешавад, баррасӣ шуд. Илова бар ин, роҳбарияти ФФТ зарурати фароҳам овардани чамани сунъиро дар яке аз варзишгоҳҳои вилоят барои омода кардани дастаҳо ба мавсим дар фасли зимистон зикр кард. Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин пешниҳодҳо ҷонибдорӣ намуд.
Ҳамчунин, роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи вилояти Суғд дар бораи ширкати тимҳои ҷавонон, занон ва футзали вилоят дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар гуфтушунид гузарониданд.