Дар меҳмонхонаи «Таҷ-Палас»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 27 ноябр курсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи литсензияи «А» ба анҷом расиданд.
Марҳилаи аввали курсҳои мураббигӣ аз 12 то 25 сентябр ва марҳилаи дуюм аз 14 то 27 ноябр дар Душанбе доир шуданд.
Дастурдиҳандаи ин курсҳо инструктори КФО аз Урдун Ниҳод Сукарв буда, вазифаи ёвари ӯро инструктори КФО Боир Игамбердиев ба уҳда дошт.
Дар маросими ҷамъбастии курсҳо директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров иштирок намуда, ба инструктори КФО Ниҳод Сукарв барои гузаронидани машғулиятҳо изҳори сипос намуда, ба ҳамаи мураббиён муваффақият ва меҳнати пурсамар таманно намуд.
Барои гирифтани иҷозатномаи «А» 14 нафар мутахассис тайёр карда шуд – Шамсидин Қосимов, Чарлз Наркотей, Алишер Полвонов, Асрорҷон Шораҷабов, Увайдо Давлатбеков, Рустам Абдуллоев, Суҳроб Ашӯров, Умед Исрофилов, Шуҳрат Умаров, Муродҷон Саломов, Ҷамшед Баротов, Толиб Темуров, Шуҳрат Раҳмонов ва Фарух Ниёзов.