Манучеҳр Сафаров бозигари дастаи «Локомотив»-и Тошканд шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Манучеҳр Сафаров бозигари дастаи «Локомотив»-и Тошканд шуд

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Тошканд, ки дар Суперлигаи Ӯзбекистон баромад мекунад, идома медиҳад.

Манучеҳр Сафаров аз дастаи «Персеполис»-и Эрон, ки сар аз моҳи декабри соли гузашта дар ҳайати он бозӣ мекард, ба «Локомотив» гузашт. Сафаров қаблан дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва «Истиқлол» ҳунарнамоӣ кардааст.

Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон баромад мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллӣ 18 бозӣ анҷом додааст.

Назари худро бинависед