Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар вазифаи сармураббии “Истаравшан” Раҳматулло Фузайловро иваз намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар вазифаи сармураббии “Истаравшан” Раҳматулло Фузайловро иваз намуд

Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан қарор кард, ки ҳамкориро бо сармураббии даста Раҳматулло Фузайлов, ки дастаро ба масими нави футболи кишвар омода намудааст, қатъ созад.

Раҳматулло Фузайлов дар вазифаи сармураббии “Истаравшан” ҳамагӣ якуним моҳ фаъолият дошт. Сармураббии нави “Истаравшан” Маҳмадҷон Ҳабибуллоев таъин гардид. Ҳабибуллоев ҳафтаи гузашта аз вазифаи роҳбарии ситоди мураббиёни дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ истеъфо дода буд.

Дар дастаи “Истаравшан”, инчунин дар вазифаи директори бошгоҳ низ тағйирот ба амал омад. Ба ҷои Асрор Шораҷабов ба вазифаи директори бошгоҳ Алишер Фозилов таъин шуд. Алишер Фозилов пештар дар вазифаи роҳбари дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан кор кардааст.

Назари худро бинависед