Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: ғалабаи «Соро компания» бар «Муҳоҷир» дар бозии аввали серия – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: ғалабаи «Соро компания» бар «Муҳоҷир» дар бозии аввали серия

Дастаи футзали «Соро компания» дар бозии аввали ниманиҳоии серияи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 дар рақобати шадид бар “Муҳоҷир” бо ҳисоби 5 бар 4 пирӯз шуд.

Дар ҳайати ғолибон се голро Умед Қузиев ва як голиро Насим Шарипов ва Комрон Алиев заданд. Ду голии “Муҳоҷир”-ро бошад Хуршед Зайниддинов ва Самандар Ризомов ба ҳадаф расонданд.  Бозии дуюми ниманиҳоии серия байни “Муҳоҷир” ва “Соро компания” рӯзи панҷшанбеи 1 октябр,соати 16:00 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Бозиҳои якуми ниманиҳоӣ.

«Соро компания» – «Муҳоҷир» – 5:4

ГолҳоУмед Қузиев, 6 (1:0). Самандар Ризомов, 15 (1:1). Умед Қузиев, 19 (2:1). Умед Қузиев, 20 (3:1). Насим Шарипов, 21 (4:1). Комрон Алиев, 28 (5:1). Хуршеди Зайниддин, 32 (5:2). Хуршеди Зайниддин, 36 (5:3). Самандар Ризомов, 37 (5:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Умед Қузиев («Соро компания»).

28 сентябр. Душанбе. Маҷмааи варзиши Кумитаи андози ҶТ.

Назари худро бинависед