Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/4 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/4 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/4 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Рӯзи 27 август дастаи «Файзканд» бо «Куктош» бозӣ мекунад. Се вохӯрии дигари чорякниҳоӣ рӯзи 28 август баргузор мешавад. Дар ин рӯз «Эсхата» – КМВА, «Саройкамар» – «Хатлон» ва «Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб) бо ҳам вомехӯранд.

Бозиҳои даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як бозигӣ иборатанд. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосӣ, ду қисми иловагӣ аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам маълум нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА дастаи пирӯз дар силсилазарбаҳои 11-метра муайян карда мешавад.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022

Даври 1/4 ниҳоӣ

27 август (шанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Файзканд» – «Куктош»

Рудакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

 

28 август (якшанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Эсхата» – КМВА

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

 

28 август (якшанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Саройкамар» – «Хатлон»

Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ

 

28 август (якшанбе)

Оғоз – соати 18:30

«Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед