Кумитаи иҷроияи ФФТ нақшаҳои мавсими соли 2023-ро тасдиқ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи иҷроияи ФФТ нақшаҳои мавсими соли 2023-ро тасдиқ кард

Имрӯз, 13 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли равон баргузор гардид.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов баромад намуда, оид ба рафти иҷрои қарорҳои Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки 26 августи соли гузашта баргузор гардида буд, маълумоти муфассал дод. Ӯ иброз дошт, ки вазифаҳои асосӣ иҷро гардиданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки аз 1 сентябри соли равон дар заминаи чаҳор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар синфҳои махсуси футбол ташкил намоянд.

Сипас, мусобиқаҳое, ки имсол таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд, баррасӣ шуданд. Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ аз 1 апрел оғоз мешавад ва мисли соли гузашта дар ду марҳила доир мегардад. Дар навбати аввал – ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Баъдан дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯригӣ мегузаронад.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6 май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Замони оғози вохӯрӣ соати 19:00 дар назар дошта шудааст.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тасдиқ шуд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ (легионерҳо) дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ монад. Мисли соли гузашта ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад ба ҳайати худ ҳафт бозигари хориҷиро шомил кунад, дар ҳоле ки танҳо панҷ бозигари хориҷӣ дар як вақт метавонад дар майдон бошад.

Илова бар ин, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифта шуд, ки шумораи иштирокчиёни мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли 2024 бетағйир – 10 бошгоҳ боқӣ монад.

Аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ зимни баррасии нақшаҳои мавсими нав ба раиси вилояти Суғд ва Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат карданд, то қабл аз оғози мавсими нав барои таъмини таҷҳизоти равшандиҳӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мусоидат намоянд.

Дар мавриди масъалаи навбатии рӯзнома – оид ба вазифаҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ дар марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахабҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-20) Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки дар мусобиқоти қоравӣ бомуваффақият баромад карда, соҳиби роҳхатҳо ба чемпионати ҷаҳон байни наврасону ҷавонон гарданд.

Дар назди мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) вазифаи дарёфти роҳхат ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки дар Қатар баргузор мешавад, гузошта шуд.

Сипас, ҳисоботи Федератсияи футболи Душанбе ва вазифаҳо дар соли 2023 оид ба рушди минбаъдаи футбол дар пойтахт шунида шуд. Ба Федератсияи футболи Душанбе пешниҳод гардид, ки шумораи иштирокчиёни чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи дуюм ҳадди ақал ба 8 адад расонида шавад.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия масъалаҳои фаъолияти федератсияҳои минтақавӣ муҳокима карда шуданд. Қарор шуд, ки дар поёни соли 2023 беҳтарин федератсияи футболи минтақавии Тоҷикистон муайян ва мукофотонида шавад.

Назари худро бинависед