“Истиқлол” – ғолиби қисми аввали чемпионати Тоҷикистон-2020 – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – ғолиби қисми аввали чемпионати Тоҷикистон-2020

Қисми аввали чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо баргузории даври 9-уми бозиҳо анҷом шуд. Чемпиони феълии кишвар, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо куасби 25 имтиёз  дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро ишғол мекунад.

“Истиқлол” дар бозии даври 9-ум дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро ҳамлагари ҷавон Рустам Соиров дар охири нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ пирӯзӣ ба даст овард. Хуҷандиҳо бар дастаи нави лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Тӯбро бозигари пуртаҷриба Фирдавс Чақалов дар дақиқаи 90+1 ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд. Баъди ин ғалаба «Хуҷанд», бо касби 19 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дувум баромад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Муҳриддин Ҳасанов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Сироҷ Ҳамроев, Алишер Баротов (Манучеҳр Ахмедов, 82), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрон Мирзонаҷот, 63), Абдулмумин Забиров, Санҷар Рихсибоев (Амирҷон Сафаров, 63), Фатҳулло Фатҳуллоев (Парвизҷон Алиев, 90+6), Дилшод Бозоров.

«Душанбе-83» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Азамҷон Муродов, Алишер Эргашев, Хуршед Абдуллоев, Парвизҷон Ҳомидов, Идрис Амину (Хуршед Файзуллоев, 90+5), Колинс Адухене, Фарҳод Қосимов, Агблей Ҷонс, Элчибек Рашидбеков.

Огоҳонида шудандАлишер Баротов («Хуҷанд»), Фарҳод Қосимов, Идрис Амину, Парвизҷон Ҳомидов («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАгблей Ҷонс («Душанбе-83»).

СардоварАбдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доваронСафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣПарвиз Одинамаҳмадзода (Душанбе).

12 июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

 

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир» – 1:0

Гол: Рустам Соиров, 44.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 58), Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Амадони Камолов, 58), Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед-Тимур Ҷӯраев (Ваҳдат Ҳанонов, 68), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров (Воҳид Оразсахедов, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 68).

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммад Саломзода, Маҳмуд Пиров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Шӯҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Эмомалӣ Аҳмадхон (Азизбек Ҳасанов, 65), Нидоёр Забиров (Шоҳрух Сангов, 46), Шаҳром Сулаймонов, Ислом Зоиров.

Огоҳонида шудандТабрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Эмомалӣ Аҳмадхон («Локомотив-Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Рустам Соиров («Истиқлол»).

СардоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доваронРавшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣСубҳон Шодиев (Душанбе).

12 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 1 0 39-5 25
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 6 1 2 17-10 19
3 «Хатлон» (Бохтар) 9 5 3 1 16-12 18
4 КМВА (Душанбе) 9 4 2 3 13-12 14
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 9 3 3 3 11-12 12
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 9 3 2 4 9-16 11
7 «Файзканд» (Восеъ) 9 2 4 3 12-15 10
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 2 2 5 13-19 8
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 9 1 1 7 7-16 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 1 1 7 10-26 4

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 голАлишер Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 8 голӣ, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол») – 6 голӣ, Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Хатлон») – 5 голӣ, Воҳид Оразсахедов («Истиқлол»), Шервони Мабатшоев, Шодибек Ғаффоров (ҳарду аз КМВА) – 4 голӣ, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Хуршед Абдуллоев, Элчибек Рашидбеков (ҳарду аз «Душанбе-83»), Санҷар Рихсибоев («Хуҷанд») – 3 голӣ.

Назари худро бинависед