«Истиқлол» Лигаи қаҳрамонҳои КФО-ро бо мусовӣ оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» Лигаи қаҳрамонҳои КФО-ро бо мусовӣ оғоз кард

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» бо қаҳрамони Қатар дастаи «Ал-Дуҳайл» бозиро мусовӣ (0:0) кард.

Ин вохӯрӣ 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуд ва 17 500 тамошобинро ба ҳам овард.

«Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар даври аввал бар «Персеполис»-и Эрон (2:0) пирӯз шуд, бозӣ мекунад. Рақобати «Ал-Наср» – «Истиқлол» рӯзи 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

Минтақаи Ғарб. Гурӯҳи «Е». Даври 1

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Табрез Исломов, Артур Карташян, Ромиш Ҷалилов, Седрик Гогуа, Иван Новоселетс, Денис Беганович, Амадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+1), Эҳсони Панҷшанбе (Содиқҷон Қурбонов, 90+1), Алишер Чалилов, Сенин Себай.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

19 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 500 тамошобин.

 

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Эсмаилифар, 62 – автогол (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Наҳлӣ, 72 (0:2).

Назари худро бинависед