Қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон-2020 шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон-2020 шурӯъ шуд

Рӯзи шанбеи 8 август, бо баргузории се бозӣ қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ шуд.

“Хуҷанд” дар меҳмонӣ бозиро бохта истода, бар  “Душанбе-83” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз гашт. Голҳои дастаи соҳили Сирдарёро Фатҳулло Фатҳуллоев  ва Тоҳир Малодӯстов заданд. Як голи соҳибони майдонро легионери ганагӣ Агблей Ҷонс зад.

Пешсафи чемпионати имсола ва чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар “Локомотив-Помир” бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 дастболо шуд. Ду голи “Истиқлол”-ро Алишер Ҷалилов ва як голро Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расониданд.

Бозии байни “Файзканд” ва “Кӯктош” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мусовии бе гол анҷом ёфт.

Ду бозии дигари даври даҳум имрӯз баргузор мешаванд ва дар онҳо КМВА дар майдони худ “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Хатлон” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар “Регар-ТадАз”-и Турсунзодаро қабул мекунад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Душанбе-83» – «Хуҷанд» – 1:2

ГолҳоАгблей Ҷонс, 11 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 21 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 76 (1:2).

 

Огоҳонида шуданд: Изатулло Рӯзиев, Люк Менджана Леонел («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

8 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:3

ГолҳоАлишер Ҷалилов, 8 (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 26 (0:2). Алишер Ҷалилов, 45+1 (0:3).

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»), Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣЭҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

8 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

 

«Файзканд» – «Кӯктош» – 0:0

Огоҳонида шудандСамандар Шарипов, Анвар Муродов, Далерҷон Тухтасунов («Файзканд»), Мухиддин Одилов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣДалер Ёдгоров («Кӯктош»).

8 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 10 9 1 0 42-5 28
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 7 1 2 19-11 22
3 «Хатлон» (Бохтар) 9 5 3 1 16-12 18
4 КМВА (Душанбе) 9 4 2 3 13-12 14
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 10 3 4 3 11-12 13
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 10 3 2 5 10-18 11
7 «Файзканд» (Восеъ) 10 2 5 3 12-15 11
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 2 2 5 13-19 8
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 10 1 1 8 7-19 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 1 1 7 10-26 4

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол») – 10 голӣИлҳом Баротов («Истаравшан») – 8 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол») –  6 голӣ, Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Хатлон») – 5 голӣ, Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Шервони Мабатшоев, Шодибек Ғаффоров (ҳарду аз КМВА) – 4 голӣ.

Назари худро бинависед