Инструкторони ФФТ дар курсҳои такмили ихтисоси ФИФА ширкат варзиданд – Федерация Футбола Таджикистана

Инструкторони ФФТ дар курсҳои такмили ихтисоси ФИФА ширкат варзиданд

Инструкторони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишии такмили ихтисоси ФИФА барои дастурдиҳандаҳо ширкат варзиданд. Дар курсҳои минтақавӣ, ки дар Тошканд баргузор шуданд, намояндагони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар курсҳои минтақавии ФИФА кишвари моро директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, сардори шуъбаи таълими раёсати техникии ФФТ, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алифбек Беромов, директори Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба футбол, собиқ ҳимоятгари тими миллии кишвар Субҳон Хоҷамов ва директори техникии Федератсияи футболи вилояти Суғд Асрор Шораҷабов намояндагӣ карданд.

Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори ФИФА ва КФО Муҳаммад Басир аз Сингапур буд ва ба ӯ инструкторони минтақавӣ – Ислом Аҳмадов (Ӯзбекистон), Светлана Покачалова (Қирғизистон) ва Ровшан Мередов (Туркманистон) кӯмак карданд.

Барномаи курси такмили ихтисоси дастурдиҳандаҳои ФИФА мавзӯъҳои ба монанди дастгирии ассотсиатсияҳои миллӣ дар таълими дастурдиҳандаҳо ва омода намудани инструкторони маҳаллӣ (рушди малакаи инсон), фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди шахсӣ, иҷтимоӣ ва касбиро дар бар мегирифт. Илова бар ин, дар курсҳои минтақавии ФИФА дар Тошканд, дастурдиҳандаҳо имкон доштанд, ки талаботи инфиродии худро навсозӣ, баррасӣ ва муҳокима кунанд.

Назари худро бинависед