Имрӯз тими миллии Тоҷикистон муқобили мунтахаби Ҳиндустон бозии дӯстона баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз тими миллии Тоҷикистон муқобили мунтахаби Ҳиндустон бозии дӯстона баргузор мекунад

Имрӯз, 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ – соати 20:00.

Ин нахустин рақобат барои сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский хоҳад буд.

Нархи чипта барои ҳама намуди нишастгоҳҳои варзишгоҳ 20 сомониро ташкил медиҳад.

Ба «ТАЛКО-Арена» омада, мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ намоед! Биёед якҷоя дар варзишгоҳ фазои фаромӯшнашаванда эҷод кунем!

Назари худро бинависед