Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» бо дастаи Эрон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» бо дастаи Эрон бозӣ мекунад

Имрӯз, 30 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ бозиҳои даври ниҳоии чемпионати  Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои футзал баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври панҷуми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» бо тими Эрон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Имрӯз ҳамчунин соати 14:00 бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон ва соати 17:00 рақобати футзалбозони Ӯзбекистон – Қирғизистон доир мегарданд. 

Ҳамаи мухлисонро ба маҷмааи варзишӣ ба тамошои футзал даъват менамоем!

 

🏆 «CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 5

📅 30 июл (якшанбе)

14:00 | 🇹🇲 Туркманистон – 🇦🇫 Афғонистон

17:00 | 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇰🇬 Қирғизистон

20:00 | 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон

Назари худро бинависед