Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар «CAFA Futsal Cup-2023» бо тими Туркманистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар «CAFA Futsal Cup-2023» бо тими Туркманистон бозӣ мекунад

Имрӯз, 24 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Туркманистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Ҳамчунин, имрӯз дар чаҳорчӯби рӯзи дуюми бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» боз ду рақобати дигар сурат мегирад. Соати 14:00 тимҳои миллии Эрон ва Қирғизистон вомехӯранд. Сипас соати 17:00 вохӯрии дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон дар назар аст.

Ҳамаи мухлисонро ба тамошои рақобатҳои футзали Осиёи Марказӣ даъват менамоем!

 

🏆 «CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 2

📅 24 июл (душанбе)

14:00 | 🇮🇷 Эрон – 🇰🇬 Қирғизистон

17:00 | 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇦🇫 Афғонистон

20:00 | 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон

Назари худро бинависед