Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 доир мекунад

Дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек имрӯз, 8-уми июн, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» оғоз мешавад.

 Дар бозии якум тими миллии Тоҷикистон бо яккачини Мянмар вомехӯрад. Ин дидор соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (15:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

 

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F». Даври 1

8 июн (чоршанбе)

Оғоз – соати 15:30 ба вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Мянмар

Бишкек, Варзишгоҳи Долон Омурзоқов

Назари худро бинависед