Имрӯз бозиҳои якуми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз бозиҳои якуми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мешаванд

Имрӯз, 15 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ду бозии аввали даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мешавад. 

Соати 16:00 вохӯрии «Хатлон» ва «Куктош» оғоз шуда, баъдан соати 20:00 футболбозони дастаҳои «Истиқлол» ва «Эсхата» вориди майдон мешаванд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 рӯзҳои 15 ва 16 октябр доир мегарданд.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022

1/2 ниҳоӣ. Бозиҳои аввал

15 сентябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Хатлон» – «Куктош»

Довари марказӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

15 сентябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 20:00

«Истиқлол» – «Эсхата»

Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод, Фарҳод Куралов (ҳарду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ширинҷон Валиев (Рӯдакӣ).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед