Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский интизориҳои худро аз бозиҳои дӯстона муқобили яккачини Ҳиндустон, ки рӯзҳои 5 ва 9 июн дар Турсунзода ва Ҳисор баргузор мешаванд, баён кард.
«Омодагиро ба бозиҳои дарпешистода панҷ рӯз пеш оғоз кардем. Худоро шукр, ҳама дар сафи даста ҳастанд, бозигари ҷароҳатдор надорем. Ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуб ташаккур мегӯям – ҳамаи талабот ва ниёзҳои мо таъмин карда мешаванд. Бозигарон бесаброна мунтазири бозиҳо бар зидди мунтахаби Ҳиндустон ҳастанд. Мо ду рақобати охирини рақибро тамошо кардем. Медонем, ки онҳо дар Лондон бозиҳои дӯстона анҷом додаанд. Ҳайати даста барои дидори якум аллакай муайян шудааст. Мебинем, ки бозии аввал чӣ гуна мегузарад ва эҳтимол барои вохӯрии дуюм тағйирот ворид хоҳем кард.
Мехостам дар ҳайати мунтахаб инчунин Олег Баклов, Манучеҳр Сафаров, Амадонӣ Камолов ва Рустам Соировро бубинам, аммо онҳо ҷароҳат доранд. Ба онҳо шифои комилу оҷил ва бозгашти муваффақона ба майдонро орзу мекунам.
Барои мо ин бозиҳо аз нуқтаи назари омодагӣ ва санҷиши бозигарон хеле муҳиманд. Мо мехоҳем ҳадди фидокорӣ, интизом ва сифати бозиро бубинем. Умедворам, ки мухлисон ба варзишгоҳ меоянд ва мунтахаби моро дастгирӣ мекунанд. Нерӯ ва дастгирии онҳо ҳамеша ба даста қувват мебахшад. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то мухлисонамонро бо бозии хуб ва натиҷаи мусбат шод гардонем», – гуфт Игор Ангеловский.