Хусрав Тоиров дар ҳайати «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Хусрав Тоиров дар ҳайати «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд

Нимҳимоятгари дастаи олимпӣ ва мунтахаби Тоҷикистон Хусрав Тоиров дар ҳайати «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд.

«Шахтёр» рӯзи якшанбе дар даври 29-уми чемпионати Украина бар «Днепр-1» бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, пеш аз муҳлат соҳиби унвони чемпионӣ шуд. Ин 14-умин ҷоиза барои «Шахтёр» аст. Даста қаблан дар солҳои 2002, 2005, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ғолиби чемпионати Украина шуда буд.

Хусрав Тоиров моҳи марти соли равон ба «Шахтёр» гузашт ва аввалин бозиашро дар чемпионати Украина 16 апрел бо «Лвов» (2:0) доир намуд.

Ёдовар мешавем, ки Хусрав Тоиров ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, ворид шуд.

Назари худро бинависед