«Хуҷанд» – «Суғдиён»: ҷаласаи пеш аз бозӣ барпо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» – «Суғдиён»: ҷаласаи пеш аз бозӣ барпо шуд

Дар арафаи бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Ӯзбекистон) имрӯз, 16 август ҷаласа баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулони бозӣ – комиссар, нозири доварон, хадамоти бехатарӣ ва корманди тиббии КФО, инчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Федератсияи футболи вилояти Суғд, бошгоҳҳои футболи «Хуҷанд» ва «Суғдиён» ширкат доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии вохӯрии дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либосҳои ҳарду ҷониб тасдиқ карда шуд.

Бояд гуфт, ки пагоҳ 17-уми август, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Ӯзбекистон) баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 15:30 оғоз мегардад.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии рақобат, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА силсилазарбаҳои 11-метра барандаи бозиро маълум менамояд.

Назари худро бинависед