Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дидан кард.
Яке аз вазифаҳои асосии гурӯҳи кории ФФТ мулоқот бо раисони шаҳру навоҳӣ ҷиҳати баррасии футбол ва дастгирии ҳамаҷониба ба дастаҳои кишвар аст.
Дар нимаи аввали рӯз ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода мулоқоти корӣ доир намуд. Ҷонибҳо дар бораи омодагии дастаи «Истаравшан» ва Варзишгоҳи марказии шаҳр ба мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон сухан карданд. Раиси шаҳри Истаравшан гуфт, бо вуҷуди он ки даста лигаи олиро тарк кард, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирии бошгоҳи «Истаравшан»-ро идома хоҳад дод ва изҳори умедворӣ намуд, ки соли 2023 боз ҳаққи ширкат дар лигаи олии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
Дар ҷаласаи гурӯҳи кории ФФТ бо роҳбарияти бошгоҳи «Истаравшан» ҳамчунин камбудиҳои ҷойдошта дар Варзишгоҳи марказии шаҳр, ки бояд қабл аз оғози мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон бартараф карда шаванд, гуфта шуданд.
Сипас ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, бо раиси ноҳия Раҷаб Ашӯрзода мулоқоти корӣ доир намуд. Ҷонибҳо масъалаи ширкати дастаи «Равшан»-ро дар мавсими нави лигаи якум баррасӣ карданд. Раиси ноҳияи Зафаробод ваъда дод, ки бошгоҳи «Равшан»-и Зафаробод бо вуҷуди сару садоҳо пароканда намешавад ва дар мусобиқаҳои таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон ширкат мекунад.