Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон шиносоӣ бо раванди корҳои омодагии дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми кишварро ба мавсими нави футбол идома медиҳад.
То 16 феврал комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов аз вазъи даҳ бошгоҳи лигаи олӣ ва ҳамчунин аз дастаҳои лигаи аввал, ки дар мавсими соли 2023-и чемпионати кишвар ширкат мекунанд, дидан хоҳад кард.
Яке аз вазифаҳои асосии гурӯҳи кории ФФТ мулоқот бо раисони шаҳру навоҳӣ ва баррасии футбол ва дастгирии ҳамаҷониба ба дастаҳои футболи ҷумҳурӣ мебошад.
Субҳи имрӯз комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки инҷоро ду даста – «Файзканд» ва «Ҳулбук» дар лигаҳои олӣ ва якуми кишвар намояндагӣ мекунанд, сафар кард. Ҳайати ФФТ бо раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода мулоқоти корӣ доир намуда, дар он мушкилоти мавҷудаи клуби «Файзканд» ва роҳҳои ҳалли онро баррасӣ карданд. Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия ваъда дод, ки ду тими ноҳия – «Файзканд» ва «Ҳулбук»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Сипас, гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуда, бо раиси нави ноҳия Нурулло Мирзозода мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рушди футбол дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин дастгирии дастаи «Сарҳадчӣ» аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи боздид комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаҳо барои ислоҳи камбудиҳо то оғози мавсими нав муҳлат дод.