Гурӯҳи доварон бо роҳбарии Гулмуроди Саъдулло бозиҳои Лигаи даъват ва Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи доварон бо роҳбарии Гулмуроди Саъдулло бозиҳои Лигаи даъват ва Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро доварӣ мекунад

 

Гурӯҳи доварони Тоҷикистон бозиҳои ҳалкунандаи Лигаи даъват ва Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро доварӣ мекунад.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи даъвати КФО-2025/26 байни дастаҳои «Манила Диггер» (Филиппин) и «Свайриенг» (Камбоҷа) таъйин шуд. Ин вохӯрӣ 16 апрел дар Манила баргузор мешавад.

Ба Гулмуроди Саъдулло ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов дар майдон кӯмак мерасонанд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров ҳамчун довари чорум таъйин шудааст.

Илова бар ин, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ҳамроҳ бо Фарҳод Куралов, инчунин довари VAR Амирҷон Хоркашев барои фаъолият дар бозиҳои даври чорякниҳоӣ ва ниманиҳоии Лигаи чемпионҳои КФО-2025/26 дар минтақаи Ғарб ба Дубай даъват шудаанд.

 

Назари худро бинависед