Фурқон Раҳимзода бори аввал дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон баромад кард – Федерация Футбола Таджикистана

Фурқон Раҳимзода бори аввал дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон баромад кард

Ҳимоятгари дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Фурқон Раҳимзода нахустин бозии худро дар ҳайати тими миллии кишвар анҷом дод.

Фурқон аввалин бор дар вохӯрии дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон бо пироҳани яккачини кишвар ба майдон баромад. Ин бозӣ 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Раҳимзода дар дақиқаи 75-уми бозӣ аз ҳайати захиравӣ вориди майдон шуд.

Фурқон Раҳимзодаро бо ин дастоварди муҳим табрик гуфта, барояш дар ҳайати мунтахаби миллӣ комёбӣ ва пирӯзиҳои бузургро орзу менамоем!

Назари худро бинависед