FIFA Women’s Football Campaign: фестивали футбол дар ноҳияҳои Вахш ва Носири Хусрав – Федерация Футбола Таджикистана

FIFA Women’s Football Campaign: фестивали футбол дар ноҳияҳои Вахш ва Носири Хусрав

Пас аз Данғара ва Норак фестивалҳои футбол дар чаҳорчӯби барномаи рушди футболи занона таҳти унвони FIFA Women’s Football Campaign дар навоҳии Вахш ва Носири Хусрав низ баргузор шуданд.

Дар фестивалҳо зиёда аз 200 нафар духтарони аз 6 то 12-сола иштирок намуданд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур тарғиби футболи занон дар Тоҷикистон, тағйир додани тасаввуроти ҷомеа оид ба футболи занона дар кишвар ва ташвиқи духтарон ба футболбозӣ мебошад.

Чун ҳарвақта пас аз анҷоми ҷашнвораи варзишӣ ба иштирокчиён тӯб ва пироҳани футбол тақдим гардид.

Назари худро бинависед