Доварони тоҷик бозиҳои байналмилалиро дар Ӯзбекистон ҳакамӣ карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони тоҷик бозиҳои байналмилалиро дар Ӯзбекистон ҳакамӣ карданд

Бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон доварон аз Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ, ки дар Намангон ва Тошканд баргузор шуданд, ҳакамӣ карданд.

Довари ФИФА Насрулло Кабиров ба ҳайси довари асосӣ бозии ниманиҳоии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангонро миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Қирғизистон (3:1) доварӣ кард. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Исмоил Нуралиев ва Вафо Қараев кӯмак карданд. Вазифаи довари эҳтиётиро Сайёдҷон Зайниддинов иҷро намуд.

Довари асосии вохӯрии ниҳоии «Ҷоми Наврӯз-2022» байни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Уганда (4:2) Сайёдҷон Зайниддинов буд. Ба вай дар хатҳо Вафо Караев ва Исмоил Нуралиев ёрӣ расониданд. Довари чорум Насрулло Кабиров буд.

Илова бар ин, дар Тошканд бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои футзали Ӯзбекистон ва Қирғизистон (2:1) баргузор шуд. Довари ФИФА оид ба футзал аз шаҳри Душанбе Беҳрӯз Муртазоев ин дидорро ба ҳайси довари марказӣ ҳакамӣ кард.

Назари худро бинависед