Давлатманд Исломов комиссари бозии ниманиҳоии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи ғарбӣ таъйин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов комиссари бозии ниманиҳоии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи ғарбӣ таъйин шуд

Сардори Раёсати равобити байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозии ниманиҳоии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи Ғарбӣ таъйин шуд. 

Дар марҳилаи 1/2 ниҳоии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи Ғарбӣ ду бошгоҳи кишвари Баҳрайн – «Ист Риффа» ва «Ал Риффа» бозӣ мекунанд. Ин дидор 6 сентябр дар варзишгоҳи Шайх Алӣ Бин Муҳаммад Ал-Халифаи шаҳри Ароди Баҳрайн баргузор мешавад ва соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мегардад.

Назари худро бинависед