Дастаи «Зебонисо» қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи «Зебонисо» қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон гардид

Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе бори чаҳорум дар таърихи худ дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои занона ғолиб омад. Қаблан футболбозбонувони Душанбе дар солҳои 2018, 2020 ва 2022 қаҳрамони кишвар шуда буданд.

Дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон байни бонувон 13 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии шахри Кӯлоб (МД МВ) ширкат намуд.

Дастаи «Зебонисо»-и пойтахт мавсимро бидуни бохт ҷамъбаст кард. Шогирдони Зебо Гасимова дар мавсими имсола 151 гол зада, ба дарвозаи худ 6 гол сар доданд.

Медалҳои нуқраи чемпионат насиби тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардид. Футболбозбонувони «Бунҷикат»-и Шаҳристон соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бар асоси натоиҷи мусобиқот беҳтаринҳои мавсимро муайян кард. Беҳтарин дарвозабони чемпионати кишвар Муниса Гулова («Зебонисо») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ва бозигари беҳтарин дар лига насиби Сайёра Саидова («Зебонисо») гардид, ки ба дарвозаи ҳарифон 41 гол зад. Ҷоизаи «Кашфиёти сол» ба Маҳлиё Ҷумъақулова аз дастаи «Бунҷикат» супурда шуд. Зебо Гасимова («Зебонисо») беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид.

Назари худро бинависед