Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – ғолиби “Ҷоми рушд-2021” дар Минск! – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – ғолиби “Ҷоми рушд-2021” дар Минск!

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Мински Беларус шуд.

Дар даври ҷамъбастии мусобиқа наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 1 соҳибони майдонро шикаст доданд. Дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аббос Андалибов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод ба задани гол муваффақ шуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар ду вохӯрии қаблӣ наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби калони 7 бар 1 мунтахаби наврасони Қазоқистон ва бо ҳисоби 5 бар 1 наврасони Молдоваро шикаст дода буданд.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар се бозӣ ғолиб омада, бо 9 имтиёзи имконпазир ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск шуд.

Аз рӯи натоиҷи ҷамъбасти мусобиқа дарвозабони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Сафармад Ғафоров – беҳтарин дарвозабон, капитани дастаи мунтахаби наврасони мо Меҳрубони Абдурауф – беҳтарин муҳофизатгар ва ниммуҳофизи даста – Хусрав Тоиров унвони беҳтарин бозигари “Ҷоми рушд-2021”-ро соҳиб шуданд.

 

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021»

Даври 3-юм

Беларус (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:4

ГолҳоИван Агеев, 37 (1:0). Аббос Андалибов, 38 (1:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 54 (1:2). Сунатулло Азизов, 64 (1:3). Амирҷони Фаррухзод, 89 – аз пеналти (1:4).

 

Молдова (U-17) – Қазоқистон (U-17) – 0:5

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 ТОҶИКИСТОН (U-17) 3 3 0 0 16-3 9
2 Қазоқистон (U-17) 3 2 0 1 10-9 6
3 Молдова (U-17) 3 1 0 2 4-11 3
4 Беларус (U-17) 3 0 0 3 4-11 0

Назари худро бинависед