Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) нахустин бозии худро дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) нахустин бозии худро дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов анҷом дод

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии якуми мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов аз тими наврасони Ҷопон шикаст хӯрд.

Вохӯрӣ имрӯз, 23 август дар майдони Академияи «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи ҷопониҳо анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати ғолибон Шунго Сугиура ва Шота Кофие заданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов дастаҳои наврасони Ӯзбекистон ва Эрон мусовӣ карданд – 1:1.

25-уми август мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Эрон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Қибрай» баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мегардад.

 

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов байни дастаҳои наврасони то 16-сола

Даври 1

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҷопон (U-16) – 0:2

Голҳо: Шунго Сугиура, 59 (0:1). Шота Кофие, 88 (0:2).

23 август. Тошканд. Майдони Академияи «Бунёдкор».

 

Ӯзбекистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:1

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2

25 август (панҷшанбе)

16:00 – Эрон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Қибрай»

17:00 – Ҷопон (U-16) – Ӯзбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

 

Даври 3

27 август (шанбе)

15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

17:00 – Ӯзбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед