Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-17) омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-17) омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз намуд

Дастаи футболи мунтахаби бонувони то 17 соли Тоҷикистон омодагияшро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз намуд.

Ҷамъомади омӯзишиву машқии даста дар шаҳри Турсунзода баргузор шуда, то 28 ноябр идома меёбад. Ба ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ 25 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 11 муҳофиз, 7 ниммуҳофиз ва 4 ҳамлагар даъват шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дастаи футболи мунтахаби бонувони то 17 соли Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 ширкат меварзад. Дар марҳилаи аввали ин мусобиқа, ки аз 7 то 11 апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд, 32 даста ба ҳашт гурӯҳи 4 дастагӣ тақсим шуда, баромад мекунанд. Ғолибони гурӯҳ ба даври баъдӣ, ки аз 22 то 26 сентябр доир мешавад, роҳ меёбанд.

Дар баҳори соли оянда, дар Тоҷикистон давраҳои аввали мусобиқоти интихобии чемпионатҳои Осиё байни духтарони то 17-сола ва то 20-сола баргузор мешаванд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби бонувони то 17 солаи Тоҷикистон (U-17)  барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар шаҳри Турсунзода:

ДарвозабонҳоМуниса Гулова («Пандҷшер»), Фараҳноз Холмуродова («Хатлон»), Таманно Икромзода («Навбаҳор»);

МуҳофизонТаманно Буриева, Зулфия Ҳакимова (ҳарду аз «Зебонисо»), Шаҳноза АбдумуродоваМафтуна Уразова (ҳарду аз «Панҷшер»), Оишамоҳ Исоқова («Равшан»), Фарзона Норматова («Спитамен»), Оиша Бутаева (ММФЧА), Нозанин Олимова, Рухангез Қирғизбекова, Мафтуна Шанбиева (ҳарду аз «Зебо»), Сабрина Эрматова («Навбаҳор»);

НиммуҳофизонШукрона Устоева («Зебонисо»), Ганҷина Маҳмадалиева, Рамзия Маидова (ҳарду аз «Зарнисор»), Шабнам Хилшоева («Зебо»), Шоҳсанам Хоҷиматова (ММФЧА), Ҷонона Назарова, Гулиноз Латипова (ҳарду аз «Равшан»);

ҲамлагаронФаришта Саидова («Зарнисор»), Умеда Ҷалилова («Чашма»), Таҳминаи Баҳром («Панҷшер»), Рухшона Файзуллоева (ММФЧА).

Сармураббӣ – Тоҷиддин Наботов.

Назари худро бинависед