Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҷиҳати ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021 ба Миср сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҷиҳати ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021 ба Миср сафар кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (бозингарони солҳои таваллудашон 2003 ва поёнтар) ҷиҳати иштирок дар мусбиқаи байналмилалии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 имрӯз бо хатсайри ҳавоӣ тавассути Истамбул ба Миср сафар кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Аҳлиддин Турдиев дар ин сафар бо худ 23 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлагарро ҳамроҳ гирифтаст. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон, асосан, аз ҳисоби бозингарони дастаи “Динамо”-и Душанбе таркиб ёфтаст. Ба ҳайати дастаи мазкур 15 нафар бозингарони дастаи “Динамо”-и Душанбе шомил мебошанд. Инчунин, ба дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон 2 нафар легионерҳо – ниммуҳофиз Амадонӣ Камолов («Райо Махадаонда», Испания) ва ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон) низ даъват шудаанд.

Дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони Марокко (20 июня), АМА (23 июня) ва Ҷибути (26 июн) мебошанд.

Дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб 16 даста ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам рақобат мекунанд. Тибқи Низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбад. Дар сурати ба бозиҳои 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфтан, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “А” – Миср, Нигерия, Мавритания ва ё Алҷазоир рақобат менамояд.

Бозии ниҳоии ин мусобиқа рӯзи 6-уми июл баргузор мешавад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021:

ДарвозабонҳоСафармад Ғаффоров («Истиқлол»), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);

МуҳофизонМеҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Меҳрубон Каримов (ҳама аз «Динамо»);

НиммуҳофизонАмадонӣ Камолов («Райо Махадаонда», Испания), Салам Ашӯрмамадов («Истиқлол»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан», Кӯлоб), Аббос Андалибов («Файзканд»), Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев, Бежан Нишонбойзода, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо»), Алиҷони Айнӣ (бе даста);

ҲамлагаронМуҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз «Динамо»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

 

Ҷоми миллатҳои Араб-2021 байни мунтахабҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «А»: Миср, Нигерия, Мавритания, Алҷазоир.

Гурӯҳи «В»: Марокко, ТОҶИКИСТОН, АМА, Ҷибути.

Гурӯҳи «С»: Сенегал, Лубнон, Ироқк, Ҷазираҳои Комори.

Гурӯҳи «D»: Тунис, Яман, Арабистони Саудӣ, Узбекистон.

Назари худро бинависед