Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе идома медиҳад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2021 дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Душанбе идома медиҳад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии мазкур, ки то 30 ноябр идома меёбад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба тамрини ду вақтӣ фаро гирифта шудааст. Тамринҳо дар майдон ва дар толори варзишӣ баргузор мешаванд. Дар ин чорабинӣ дар ихтиёри сармураббӣ 28 бозингар, аз ҷумла 4 дарвозабон, 10 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 6 ҳамлагар қарор дорад.

Ёдрас мешавем, ки чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 19 сола аз 3 то 20 марти соли оянда дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” якҷоя бо ҳамсолони худ аз кишварҳои Малайзия, Яман ва Қатар баромад мекунад.

Чор дастаи беҳтарини ин мусобиқа соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2021 байни ҷавонони то 20 сола мешаванд. Баргузории мусобиқаи мазкур дар давлати Индонезия нақшагузорӣ шудааст.

Назари худро бинависед