Дастаи ММВЗО «Солор» барандаи медали тиллои чемпионати Тоҷикистон (U-13) гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ММВЗО «Солор» барандаи медали тиллои чемпионати Тоҷикистон (U-13) гардид

Дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни наврасони то 13-сола ба поён расид. Медалҳои тиллоро дастаи ММВЗО «Солор» соҳиб шуд.

Дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасони то 13-сола 10 даста, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, ширкат карданд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои ММВЗО «Солор» (Душанбе), «Суғд-2» (вилояти Суғд), Мактаби варзишии кӯдакону наврасон (Панҷ), «ФК Сити» (Душанбе) ва «Ваҳдат» ҳунарнамоӣ карданд.

Дар гурӯҳи «Б» бошгоҳҳои «Помир» (Хорӯғ), МД МВ (Кӯлоб), «Суғд-1» (вилояти Суғд), Мактаби варзишии кӯдакону наврасон (Ҷалолиддини Балхӣ) ва ММВЗО (Душанбе) бо ҳам мубориза бурданд.

Бозиҳо дар зергурӯҳҳо аз рӯйи системаи гурӯҳӣ дар як давр гузаштанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври 1/2 ниҳоӣ баромаданд ва муборизаро барои медалҳо идома доданд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои «Суғд-1» ва «ФК Сити» вохӯрданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ бахт ба сӯи наврасони вилояти Суғд хандид – 7:6.

Дар қувваозмоии финалӣ бачаҳои ММВЗО «Солор» бар ҳамсолони худ аз Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, сармураббии дастаи «Истиқлол» Алишер Тухтаев, мураббии «Файзканд» Алӣ Назарзода ва меҳмонони дигар ширкат доштанд.

Дар мусобиқот Мансур Ҳотамов («Суғд-1»), Билол Киревв («ФК Сити»), Абдураҳмони Абубакр (ММВЗО «Солор») ва Умедҷон Муборов (МВКН-и Ҷалолиддини Балхӣ) беҳтарин бозигарони чемпионат дар ҳайати дастаҳои худ эълон шуданд.  Ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Мухаммад Қаҳҳоров (ММВЗО «Солор»), ки 9 гол задааст. Беҳтарини бозигари мусобиқа Шаҳром Назиров аз МВКН-и Ҷалолиддини Балхӣ эътироф шуд.

Назари худро бинависед