Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) чемпионати CAFA-2022-ро бо пирӯзӣ бар тими Афғонистон оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) чемпионати CAFA-2022-ро бо пирӯзӣ бар тими Афғонистон оғоз кард

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии якуми худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-19) бо раҳбарии Аҳлиддин Турдиев бар тими Афғонистон – 4:1 пирӯзии калон ба даст овард. 

Нимаи аввал мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 14-ум нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Ҳаитов ҳисобро кушод. Баъди ҳафт дақиқа Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюми бозӣ ситоди мураббиёни тими миллии ҷавонони Тоҷикистон як қатор тағйирот ворид карданд, ки услуби бозиро ба куллӣ дигар кард. Дар вақти боқимонда ба футболбозони мо муяссар шуд, ки ба дарвозаи тими Афғонистон боз се голи дигар бизананд. Голҳоро Содиқҷон Қурбонов, Фатҳулло Олимзода ва Салам Ашӯрмамадов заданд. Дар натиҷа ҳисоб 4:1 ба фоидаи тими мо шуд.

Дар вохӯрии дигари даври дуюми чемпионати CAFA-2022 дастаҳои ҷавонони Қирғизистон ва Ӯзбекистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд – 0:0.

Бозиҳои даври сеюм рӯзи 8 август доир мешаванд. Соати 18:00 дастаҳои Эрон ва Афғонистон, соати 21:00 тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд.

Бояд қайд кард, ки даромад ба Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст. Ҳамаро ба тамошои футбол даъват мекунем!

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола

Даври 2

АФҒОНИСТОН ТОҶИКИСТОН  1:4

Голҳо: Азизбек Ҳаитов, 14 (0:1). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 21 (1:1). Содиқҷон Қурбонов, 71 (1:2). Фатҳулло Олимзода, 75 (1:3). Салам Ашӯрмамадов, 90 – аз пеналти (1:4)/

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов (Салоҳиддин Иргашев, 86), Кабир Салимшоев (Иброҳим Зокиров, 61), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 61), Салам Ашурмамадов, Бежан Нишонбойзода (Фатҳулло Олимзода, 61), Сунатулло Азизов (Далер Шарипов, 61).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Содиқҷон Қурбонов (Тоҷикистон).

6 август Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2700 тамошобин.

 

Қирғизистон Ӯзбекистон 0:0

Беҳтарин бозигари бозӣ: Султон Чомоев (Қирғизистон).

6 август Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошобин.

Назари худро бинависед