Дар Тоҷикистон чемпионати CAFA-2023 байни ҷавонон (U-20) оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Тоҷикистон чемпионати CAFA-2023 байни ҷавонон (U-20) оғоз шуд

21 май, чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода оғоз шуд.

Дар даври аввал дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими Эронро шикаст дод.

Дар вохӯрии дигар дар варзишгоҳи КМВА-и пойтахт футболбозони афғон бар тими миллии Туркманистон пирӯз шуданд – 2:1.

Бозиҳои даври дуюми чемпионати CAFA-2023 рӯзи 22 май баргузор мешаванд. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Афғонистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад. Дар баробари ин, дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе бозии дастаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2023 миёни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Даври 1

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇮🇷 Эрон – 3:2

🇹🇲 Туркманистон – 🇦🇫 Афғонистон – 1:2

Назари худро бинависед