Дар рӯзи якуми CAFA-2022 (U-16) дар Душанбе ғолибе муайян нагардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар рӯзи якуми CAFA-2022 (U-16) дар Душанбе ғолибе муайян нагардид

Дар рӯзи аввали мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола дар Душанбе ду бозӣ сурат гирифт, ки ҳардуяш мусовӣ анҷом ёфт.

Дастаҳои наврасони Эрон ва Ӯзбекистон рақобаташонро бо ҳисоби 2:2 хотима доданд. Дар вохӯрии дигар дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон низ ғолибро маълум накарданд – 1:1.

Дар даври дуввум рӯзи шанбеи 14 май мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистон вомехӯрад. Бозӣ соати 21:00 оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои  то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Ӯзбекистон – Эрон – 2:2

Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

 

Даври 2

14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 4

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед