Дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад

19 июл дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Дар мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Ба гурӯҳи «А» «Вавилон», «Абдураҳмон», «Мавлоно» ва «Сайёҳ» шомил шуданд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Рахш-Такси», «Зет-Мобайл», «Амонатбонк» ва «Олуча-Такси» мубориза мебаранд. Гурӯҳи «С» аз «Ориёнбонк», «Мустафо», «Бойгонӣ» ва «Соро компания-2» иборат мебошад.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Сипас аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар марҳилаи плей-офф рақобатҳо аз рӯи низоми олимпӣ баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед