Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои доварон оғоз гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои доварон оғоз гардид

Имрӯз, 10-уми июл дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе курси омӯзишӣ барои доварон таҳти унвони «FIFA MA Elite Referees Course» оғоз гардид, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол баргузор мешавад.

Тайи панҷ рӯз дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО Ҳакан Аназ аз Австралия, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия фаъолият кардааст, дар Тоҷикистон барои доварон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.

Дар курсҳо дастурдиҳандаҳо аз Тоҷикистон – Умед Раҳимов ва Кристина Пронженко, инчунин 32 довари футбол – 12 довари марказӣ ва 20 ёвар иштирок мекунанд.

Курсҳои ФИФА барои доварон дар Тоҷикистон то 14 июл идома хоҳанд кард.

Назари худро бинависед