Дар Душанбе Конгресси шашуми Созмони футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе Конгресси шашуми Созмони футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) рӯзи 16-уми декабр дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси”-и Душанбе баргузор шуд. Дар кори Конгресс президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ иштирок намуд.

Дар Конгресс, инчунин ноиби президенти CAFA Достонбек Конокбоев (Қирғизистон), аъзои Кумитаи иҷроияи CAFA – Равшан Эрматов (Узбекистон) ва Меҳдӣ Тоҷ (Эрон), инчунин роҳбарон ва вакилони Федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон ширкат доштанд. Дар Конгресс намояндагони Федератсияи футболи Туркманистон ба таври онлайн ширкат карданд.

Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба иштирокчиёни Конгресс бо сухани ифтитоҳӣ муроҷиат намуда, таъкид дошт, ки ассотсиатсияҳои миллӣ, ки ба CAFA дохил мешаванд, дар рушди футбол дар минтақа нақши калидӣ доранд.

«Мубодилаи афкор оид ба рушди футбол дар минтақаи мо ва имкони мулоқот бо ҳамдигар барои ҳар яки мо хеле арзишманд аст, – оғоз намуд Рустами Эмомалӣ. – Ду соли охир барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди футболи Осиёи Марказӣ бинобар пандемияи COVID-19 душвор буд.”

“Таъсиси барномаи дастгирии молиявии Конфедератсияи футболи Осиё барои Ассотсиатсияҳои минтақавӣ, ба Cозмони футболи Осиёи Марказӣ низ шароит муҳайё намуд, ки доираи имкониятҳои худро ба таври назаррас васеъ кунад. Аз соли 2021 инҷониб, идораи марказии CAFA ба таври мунтазам фаъолият мекунад”, – гуфт дар идома сарвари CAFA.

«Мо хурсандем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар шароити пандемия барои баргузории мусобиқаҳо байни дастаҳои мунтахаби синну соли гуногун кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Дар соли 2021 дар Душанбе се мусобиқаи CAFA баргузор гашт. Боварӣ дорам, ки ин муваффақиятҳо натиҷаи кори дастаҷамъонаи ташкилоти мо мебошанд. Дар баробари ин, мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин чорабиниҳо саҳм гузоштанд, изҳори ташаккур мегӯям ва ба Федератсияҳои  миллӣ барои дастгирӣ ва ҳамкориҳояшон изҳори сипос мекунам.

Дар соли 2022 мо нақша дорем, ки ҳашт мусобиқаро барои синну соли гуногун ташкил кунем.

Иштирок дар ин мусобиқаҳо ба дастаҳои мунтахаби кишварҳои ширкаткунанда як марҳилаи хуби омодагӣ ба мусобиқоти интихобии КФО мешавад ва албатта, бозигарон метавонанд дар ин мусобиқаҳо иштирок намауда, маҳорати худро такмил диҳанд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки ассотсиатсияҳои миллии Осиёи Марказӣ дар рушди футболи минтақа нақши калидӣ доранд. Дар кишварҳои минтақаи мо як қатор мусобиқаҳои КФО бомуваффақият баргузор шуданд, ки эътибори созмонро боло бурд ва бори дигар собит кард, ки Конфедератсияи футболи Осиё ҳамеша ба мо умед баста метавонад. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба Конфедератсияи футболи Осиё барои боварӣ ва ҳамкории судманд изҳори сипос кунам.

Бо вуҷуди баъзе мушкилот, федератсияҳои миллӣ, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, тавонистаанд дар фазои ҳамбастагӣ ҳамкорӣ намуда, дар рушд ва эҳёи футбол дар минтақа саҳм гузоранд. Умедворам, ки мо дар оянда низ дар рушду пешрафти футболи минтақа саҳмгузор бошем», – қайд кард Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.

Дар Конгресс нақшаи чорабиниҳо ва буҷаи CAFA барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Дар фарҷоми Конгресс ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Равшан Эрматов пешниҳод кард, ки дар оянда мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз” байни дастаҳои мунтахаби миллии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар санаҳои ФИФА баргузор карда шавад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки барои дар оянда гузаронидани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон (U-17) ё ҷавонон (U-20) якчоя ариза пешниход намоянд.

Назари худро бинависед