«CAFA Futsal Cup-2023»: тақдири зинаи якум дар даври ниҳоӣ муайян мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

«CAFA Futsal Cup-2023»: тақдири зинаи якум дар даври ниҳоӣ муайян мешавад

Ғолиб ва ҷоизадорони нахустин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои футзал, ки ин рӯзҳо дар Душанбе ҷараён дорад, дар даври ниҳоӣ муайян хоҳанд шуд.

28 июл бозиҳои даври чоруми мусобиқот баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи пурқуввати Афғонистон мусовӣ (2:2) кард. Аз ҳайати дастаи мо Насратшо Исмоилов ва Самандар Ризомов гол заданд.

Дар бозиҳои дигари даври чаҳорум тими Эрон ба дарвозаи тими Ӯзбекистон панҷ голи беҷавоб зад ва футзалбозони Туркманистон аз тими Қирғизистон (2:0) пурқувваттар баромаданд.

Як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» тими Эрон бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Баъдан дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо 7-имтиёзӣ зинаҳои дуюму сеюмро ишғол карданд.

30 июл дар даври ҳалкунанда дастаҳои Туркманистон – Афғонистон, Ӯзбекистон – Қирғизистон ва Тоҷикистон – Эрон бо ҳам вомехӯранд.

Назари худро бинависед