Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои Афғонистон – Муғулистон 12 октябр дар Душанбе баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои Афғонистон – Муғулистон 12 октябр дар Душанбе баргузор мешавад

Ба далели он ки тими миллии Афғонистон имкони мизбонии бозиҳои байналмилалиро надорад, Федератсияи футболи ин кишвар Душанберо макони бозиҳои хонагӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 интихоб кардааст.

Дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Афғонистон бо тими Муғулистон бозӣ мекунад. Вохӯрии аввал 12 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Бозии ҷавобӣ 17 октябр дар Улан-Батор сурат мегирад.

Ғолиби ҷуфти Афғонистону Муғулистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо тимҳои Қатар, Ҳиндустон ва Кувайт бозӣ мекунад.

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026

Даври якум. Бозии аввал

📅 12 октябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 19:00

🇦🇫 Афғонистон – 🇲🇳 Муғулистон

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед