Бозиҳои даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон-2023 мавқуф гузошта шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон-2023 мавқуф гузошта шуданд

Ҳама бозиҳои даври панҷуми 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ, ки мебоист рӯзҳои 20 ва 21 апрел баргузор шаванд, ба рӯзҳои захиравӣ гузаронида шуданд.

Дар робита ба Иди Саиди Фитр, ки ба 21 апрел рост меояд, бозиҳои даври панҷуми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба рӯзҳои захиравии тақвим гузаронида шуда, рӯзҳои 28, 29 ва 30 июн баргузор мегарданд.

Бозиҳои даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 тибқи тақвим – рӯзҳои 25 ва 26 апрел сурат мегиранд.

 

1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 6

25 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Хатлон» – «Куктош»

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»

«Эсхата» – «Равшан»

26 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Истиқлол – КМВА

«Хуҷанд» – «Файзканд»

Назари худро бинависед