Ба «Соро компания» медалҳои нуқраи лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 супорида шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба «Соро компания» медалҳои нуқраи лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 супорида шуд

Ба бозигарон, ситоди мураббиён ва ҳайати роҳбаркунандаи клуби футзали “Соро компания”-и пойтахт медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими соли 2020 тақдим шуданд.

Чорабинӣ дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гашт. Директори генералии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев футболбозон, ситоди мураббиён ва ҳайати роҳбарикунандаи дастаи футзали “Соро Компания”-ро бо ба даст овардани медалҳои нуқраи лига табрик намуда, ба даста дар мавсими нав муваффақият орзу кард.

Пас аз натиҷагирии мавсими гузашта, ду бозигари «Соро компания» – Некрӯз Алимаҳмадов ва Вахтанг Кекелия ба тими рамзии лигаи касбии футзали Тоҷикистон ворид шуданд.

Роҳбари Лигаи касбии футзали кишвар Комрон Шодиев ба президенти клуби футзали “Соро компания” Тоҷиддин Давлатов барои саҳмгузорӣ дар рушди футзали Тоҷикистон номаи сипосгузорӣ тақдим намуд.

Назари худро бинависед