Автобусҳои ройгон мухлисонро ба Ҳисор барои тамошои бозии дуюми дастаҳои Тоҷикистон – Ҳиндустон мебарад – Федерация Футбола Таджикистана

Автобусҳои ройгон мухлисонро ба Ҳисор барои тамошои бозии дуюми дастаҳои Тоҷикистон – Ҳиндустон мебарад

9 июн барои дӯстдорони футбол, ки мехоҳанд бозии дӯстонаи дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар варзишгоҳ тамошо кунанд, автобусҳои ройгон аз Душанбе ба Ҳисор ташкил карда мешавад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мухлисон Федератсияи футболи Тоҷикистон панҷ автобус ҷудо намудааст. Ҳаракати автобусҳо соати 17:30 аз назди таваққуфгоҳи Варзишгоҳи марказии Душанбе дар назар аст.

Пас аз анҷоми бозӣ автобусҳо мухлисонро ба Душанбе бармегардонанд. Баргашт аз шаҳри Ҳисор соати 22:00 ба нақша гирифта шудааст.

Вохӯрии рафиқонаи дуюми тимҳои миллии Тоҷикистон-Ҳиндустон 9 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 20:00 оғоз мешавад.Нархи чипта барои ҳамаи қисматҳои варзишгоҳ 20 сомониро ташкил медиҳад.

Биёед мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ намоед! Якҷоя фазои фаромӯшнашавандаи футболиро дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор эҷод мекунем!

Назари худро бинависед