Аккредитатсияи ВАО барои бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми КФО-2022 байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Суғдиёна» – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи ВАО барои бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми КФО-2022 байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Суғдиёна»

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон раванди аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷиро барои инъикоси бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), ки 17 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 15:30 баргузор мешавад, эълон мекунад.

Дархост барои аккредитатсия бо сурат ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru фиристода шавад. Дар дархост бояд маълумотҳои зерин дарҷ гарданд: ном ва навъи ВАО (нашрия, портали интернетӣ, телевизион, радио), ному насаби рӯзноманигор, рақами телефон.

Дархостҳо то соати 19:00-и рӯзи 5 август қабул карда мешаванд. Аризаҳое, ки баъд аз гузаштани муҳлат фиристода мешаванд, БАРРАСӢ НАМЕГАРДАНД!

Бейҷҳои аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон рӯзи 16 август дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ супорида мешаванд.

Телефон барои маълумот: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).